📚 Шумо архиви таърихиро аз санаи: 15.08.2026 тамошо мекунед
Салом алейкум ба ҳама. Ман як Opel Astra G (2002) дорам, ки аз Аврупо оварда шудааст. Дар роҳҳои кӯҳии самти Хоруғ ва Помир мошин хеле гарм мешавад ва қуввааш кам мешавад. Ман системаи гази моеъ (ГБО/LPG) насб кардаам, зеро нархи бензин дар Душанбе хеле гарон аст. Оё ин гармшавии мотор аз сифати пасти газ аст ё радиатор аз чангу хоки роҳҳои мо банд шудааст? Барои тоза кардани система кадом устои хубро тавсия медиҳед?